БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Суботу амният ва оромии ҷомеа василаи муҳимми пешрафту тараққиёт аст!

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кишоварзии минтақа” вобаста ба ҳодисаи таррерористии дар ноҳияи Данғара рухдода ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар рафти он мудири шуъбаи кор занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кишоварзии минтақа” Ҳасанов Абдулмуъмин иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мунаввараи Бозоралӣ зимни баромад қайд дошт, ки боиси сарфарозӣ ва хушбахтӣ аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо имрӯз ливои сулҳу субот парафшон буда, мардуми шарафманди он зиндагиии орому осоишта ва фаъолияти созанда дорад. Имрӯз раванди ҷаҳонишавӣ бо суръати хосса рушд меёбад, дар зимни ин раванд дар ҷаҳони муосир гурӯҳҳо ва ҷунбишҳои зиёди ифротиву иртиҷоӣ ба вуҷуд омадаанд. Ин гурӯҳҳо дар доираи манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ ҷиҳати ноил шудан ба мақсад ва ниятҳои нопоки худ миёни мардум тавассути роҳу воситаи мухталиф ва амалҳои таҳрибкорона ва зиддиинсонии хеш амал менамоянд. Натиҷаи чунин амалҳои зишт ва ғайриинсонӣ дар амали аҳриманонаи як зумра аз афроди ҷиноятпеша дар ҳодисаи фоҷаебори санаи 29.07.2018 ба таври равшан мушоҳида шуд.

Ин ҳодиса мо сокинони Тоҷикистонро аз гузашта дида бештар атрофи сиёсати созандаву башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид сохт. Ин иттиҳоду ҳамдилии мо имконият медиҳад, ки алорағми ҳама тангназарону бадхоҳон истодагарӣ карда, бар зидди амалҳои террористӣ мубориза барем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg