БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарзандонро дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия менамоем!

ҚУБОДИЁН. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён баҳри эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Наврӯз” намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сӯзанидӯзӣ, намоиши дӯхти либосҳои занона бо тарҳи замонавӣ бо нигоҳ доштани нақшу нигорҳои ниёгон бо барномаи рангини фарҳангӣ  пешкаши сокинону меҳмонон гардонида шуд.

Қобили қайд аст, ки деҳаи Наврӯз дар масофаи 60 км аз маркази ноҳия ҷойгир буда, аҳолии онро мардуми муҳоҷири экологии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташкил медиҳанд. Мардуми  сарбаланди Бадахшон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки урфу одат ва анъаъҳои неки худро  дар ин манотиқ нигоҳ доранд.

Дар рафти чорабинӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Ваҳобиддин Абдулоев оид ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин ҷода беҳбудӣ бахшидан ба сатҳи некӯаҳволии мардум андешаронӣ намуд.

Дар рафти вохӯрӣ қайд карда шуд, ки  дар ҷомеаи имрӯза гурӯҳҳое амал менамоянд, ки бо ваъдаҳои дурӯғ барои ба даст овардани даромади муфт ҷавононро ба ҳар гуна гурӯҳҳо ҷалб менамоянд,ки ин боиси даст ба амалҳои ношоиста задани бархе аз ҷавонон гардида истодааст.

Инчунин, дар вохӯрӣ ҳодисаи нангине, ки санаи 29-уми июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара ба вуқӯъ пайваст,  яъне  ҷавононе, ки ба гурӯҳи сайёҳони хориҷӣ ҳамла намуданд ва  боиси марги 4 нафари онҳо гардиданд, мавриди муҳокимма қарор дода шуда,  ба иштирокчиён фаҳмонида  шуд, ки ин амали гурӯҳи террористоне мебошанд, ки фирефтаи хоҷагони зархарид, яъне ТТЭ ҲНИ гардида, мехоҳанд Тоҷикистони ободу хуррамро ҳамчун макони осебпазир ба ҷаҳониён нишон диҳанд.

Ҷавонони гумроҳ фикр накарданд, ки натанҳо осоиштагии аҳолии минтақаро, балки  ҳаёти худ ва наздиконашонро зери хатар гузошта, умри ҷавони худро барбод додаанд. Иштирокдорон бо бовари изҳор доштанд, ки ҳеҷ амале бе подош нахоҳад монд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg