БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Модарон ба наҳзатиёни террорист лаънат хонда, дуогӯи осудагии миллат ва оромии Ватан мебошанд

ЁВОН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шоҳнома» дар деҳаи Фирдавсии ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх дар доираи соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки зиёда аз 100 нафар занону бонувон вохӯрӣ ва чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия М.Солиҳов ба занону бонувони деҳаи Фирдавсӣ оид ба тақвият додани ҳунарҳои мардумӣ дар  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, воқеаи нангини ноҷавонмардонаи аъзои ТЭТ ҲНИ оид ба қатли чор нафар сайёҳони хориҷӣ, таълиму тарбияи фарзандон, эҳтироми шавҳар, оромиши хонадон, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», тарғиби либоси миллӣ, аз байн бурдани фарҳанги бегона, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, омода намудани духтарон ба зиндагии мустақилона, огоҳонидани сокинон аз вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир андешаронӣ намуд.

Воқеан, занон ҳамчун тарбиятгар, мураббии аввалин ва тарғибкунандаи фарҳангу тамаддуни имрӯзаи миллати тоҷик ба шумор рафта, дар ҳама маврид сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумат ва хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, барои пояндагӣ ва ҷовидонии сулҳу салоҳи Тоҷикистон мубориза мебаранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg