БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷиҳати ҳифзи суботу оромии кишвар зиракии сиёсиро аз даст набояд дод!

ДӮСТӢ. Дар  Панҷшанбебозори ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони ноҳияи Дӯстӣ  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия бо соҳибкорону савдогарон ва мизоҷон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд.

Зимни вохӯрӣ масъулин ба соҳибкорону мизоҷон лавҳа оид ба  Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои  2018-2028» дастрас карда, онҳоро аз ҳодисаи  нангине, ки дар ноҳияи Данғара нисбати сайёҳони хориҷӣ аз ҷониби гурӯҳи  муташаккили ҷиноятпешаи ТТЭ  ҲНИ  ба вуқӯъпайвастаро бори дигар огоҳ карда, ҳушдор ва ёдрас намуданд, ки дар таълиму тарбияи фарзандон беназорат набошанд,  ҳангоми дар ҷойи зист ва кӯчаву хиёбонҳо ба чашм расидани шахсони бегона ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ  дар иртибот бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg