ВАХШ. Гурӯҳи таблиғотии ҳизбӣ дар ноҳияи Вахш бо роҳбарии мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сафарали Камолов дар деҳаи Фидокори ҷамоати деҳоти Тоҷикобод пиромуни ҳодисаи рухдодаи нангине, ки аз тарафи аъзои ТЭТ ҲНИ дар шоҳроҳи Данғара нисбати сайёҳони хориҷӣ рух дод, бо сокинон суҳбату вохӯрӣ доир карда шуд.
Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҷамоати деҳоти Тоҷикобод Раҳимов Аслиддин қайд намуд, ки ҳодисаи рухдодаи санаи 29 -уми июли соли равон ҳар фарди Тоҷикистониро бетараф намегузорад, зеро ин амали ноҷавонмардона боиси хиҷолату сархамии сокинони кишвар гашта, ба рушди сайёҳӣ дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ мерасонад. Мутаасифона, ин қабил гурӯҳҳо аз дониши кофӣ надоштани баъзе ҷавонони мо истифода бурда, ҳадафҳои нопоки худро ба воситаи онҳо амалӣ менамоянд.
Ҳамчунин иштирокдорон қайд доштанд, ки мо сокинони кишвар ин амали ваҳшиёнаи хоинони миллатро маҳкум менамоем.