БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиёни хоин ба чоҳи кандаи худ афтоданд!

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «АДСИН-нафақа» тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Ализода Одил иштирок ва андешаронӣ намуданд.

Вохӯриро Наҷидуллоев Таваккал кушода, ҷамъомадагонро вобаста вазъияти сиёсии кишвар шинос намуда, амали ваҳшиёнае, ки рӯзи 29-уми июли соли равон, ки он ба ҳодисаҳои террористии дар кишварҳои Аврупо барпошуда шабеҳ мебошад, суханронӣ намуд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин ҳодиса садама набуда, балки амали қаблан омодашудаест, ки гурӯҳи ҷавонони тундрав онро ба хотири паст намудани эътибори кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ роҳандозӣ намуданд. Масъулияти куштори сайёҳони хориҷиро дар марзи Тоҷикистон ба уҳдаи худ гирифтани ин шаҳрвандони ҷавон собит намуд, ки даҳшату иғвою вандализми муосирро дар куҷое, ки хоҳад, роҳандозӣ мекунад. Ҳадафи барпокунандагон аз ин амал танҳо ворид намудани нуқс дар суботи кишвар набуда, ба василаи куштори сайёҳони хориҷӣ табоҳ кардани муносиботи Тоҷикистон бо дигар кишварҳои хориҷӣ мебошад. Аммо чун зӯргӯёну зӯроварону дигар гурӯҳҳои тундрав, ки айни замон дар тамоми гӯшаву канори кураи замин ба кишти зулм машғуланд, ҳадафҳои ғаразнок доранд ва ҳеҷ гоҳ ба мақсади худ намерасанд, чунки дар замони муосир ҳамагон аз найрангҳояшон воқиф гардидаанд.

Дар ҷамбаст Наҷидуллоев Тавакал аз роҳбарияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “АДСИН- нафақа”  ва мудирони шуъба ва мутахассисони соҳа даъват ба амал овард, ки ин ҳодисаи нанговари дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба амал омадаро муҳокима намуда, инчунин дар байни ҳамаи шаҳру ноҳияҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотиро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд ва нагузоранд, ки ин нохалафон дар байни ҷомеаи шаҳрвандии мо барои расидан ба ҳадафҳои шуми душманонаашон роҳ надиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg