БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон дар якҷоягӣ рафтору кирдори қотилонро сахт маҳкум намуданд!

БАЛҶУВОН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон бо кормандони  Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Балҷувон оид ба муҳокимаи ҳодисаи даҳшатборе, ки дар ноҳияи Данғара рӯзи  29 июли соли  2018  рух дод, вохӯрӣ  баргузор гардид.

Вохӯриро и.в. раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Исуф Мирзоев кушода, қайд намуд, ки  имрӯзҳо  мо дар шароити торафт мураккаби  вазъи ҷаҳонӣ, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав-терроризму  экстремизм қарор дорем. Қайд карда шуд, ки ҳамаи мо аз ҳодисаи рухдодаи санаи 29 июли соли равон дар ноҳияи Данғара аз ҷониби гурӯҳи ҷинояткори ТЭТ ҲНИ дар куштори 4 нафар  ва захмӣ кардани  3 нафар сайёҳони хориҷӣ  хуб огоҳӣ дорем. Ташкилоти экстремистӣ террористии  ҳизби наҳзати ислом бо ҳамлаи ноҷавонмардонаи  худ хост ба номи Тоҷикистон доғ биёрад, вале ин тир низ бенишон монда ҳамчун ахлот ба руи худаш гашт. Мо кушидем, ки Ватани маҳбуби мо дар байни дигар  давлатҳо обрӯ ва нуфузи худро аз даст надиҳад. Хушбахтона,  мардуми сарбаланди  мо аз ӯҳдаи таҳаммули  чунин кирдори  хоинонаи  давлату миллат  баромада метавонад. Чунки  миллати тоҷик бо меҳмоннавозиву  меҳмондӯстӣ  дар ҷаҳон маъруфу машҳур гарштааст.

Ҳамчунин мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Марҷона Муродова  дар идомаи суҳбат зикр намуд, ки ин падидаҳои номатлуб  яке аз омилҳои хавфнок ва мушкилоти глобалии ҷомеа ба ҳисоб рафта, танҳо  муборизаи дастаҷамъона бар зидди терроризму экстремизм метавонад барои решакан ва аз байн бурдани  онҳо заминаи  самарабахшу умда гузорад. Албатта, ин вазифаи  на танҳо кормандони ҳифзи ҳуқуқ, балки қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад.

Дар  рафти вохӯрӣ чанде аз намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати ҳодисаи нангини ба вуқӯомада  андешаронӣ карда, дар якҷоягӣ бо иштирокдорон  рафтору кирдори  қотилонро сахт маҳкум намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg