БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳисси эҳтиром ба арзишҳои милливу умумибашариро дар замири насли наврас бедор кардан вазифаи волидон аст!

Ҷ.БАЛХӢ. Мувофиқи ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқотҳо дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия  барои нимаи дуюми соли 2018 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Корхонаи обу канализатсия” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯри муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Содиқова Меҳрубон иштирок ва суханронӣ намуд.

Нахуст Меҳрубон Содиқова  дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби шахсони бекор ба касбу ҳунарҳои мардумӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ,  пешгирии  шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ҳизбу гурӯҳҳои ирофтӣ, инчунин ҳодисаи  нангине, ки дар ноҳияи Данғара ба  куштори 4 нафар сайёҳони хориҷӣ аз ҷониби  аъзои ТТЭ ҲНИ  рухдода  мулоҳизаронӣ намуда,  ҳамагонро ба корҳои созандагиву  ободонӣ,  аз даст надодани зиракии сиёсӣ, назорати ҷиддӣ зоҳир намудани волидайн дар таълиму тарбияи  насли наврасу ҷавон  раҳнамоӣ намуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg