БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Коршиносони ғайриҳирфаии рус воқеиятро намебинанд

АНДЕША. Баъд аз содир намудани амалиёти террористии 29.07.2018 нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон, дар ВАО интишори мақолаҳои муғризонаи таҳлилгарон, коршиносон ва журналистони рус оид ба ин қазияи фоҷеабор шурӯъ шуд. Аксари муаллифони мақолаҳои ҳангомаҷӯе, ки дар олами буҳтону дурӯғ ва зуроварии иттилоотӣ худро пиар (PR) ё худ реклама месозанд, аъзои ТТЭ ҲНИ-ро бошиддат пуштибонӣ карда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, ки ҷинояти содиршударо дар муддати кӯтоҳтарин ошкор намуданд, дар бесалоҳиятӣ айбдор мекунанд.

Дар зимн, далелҳо гувоҳи раднопазиранд. Ва онҳо яқинан ба сӯи муқобил шаҳодат медиҳанд. Ҳамин тавр, роҳбари гурӯҳи ҷинояткор, иҷрокунандаи асосии ҳамлаи террористӣ дар ноҳияи Данғара Абдусамадов Ҳусейн Абдусамадович, ки ҳангоми дар ш. Одинтсовои вилояти Москваи ФР дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошт, соли 2013 аз ҷониби ҳамшаҳраш, узви фаъоли ТТЭ ҲНИ Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович бо лақаби «Қорӣ Носир» ба сафи ин ташкилоти террористӣ ҷалб карда шуд. Бародари Абдусамадов Ҳ. – Бахтиёр бо лақаби «Мулло Умар» узви ТБТ «Ҳаракати исломии Туркистон» буда, барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ ба муҳлати 24 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

Зимни бозпурсӣ Абдусамадов Ҳ. тасдиқ намуд, ки аз соли 2014 то соли 2015 омодагии идеологӣ ва ҳарбӣ-тахрибкориро дар шаҳри Қум ва урдугоҳи тамринии шаҳри Омули остони Мозандарони Эрон гирифтааст. Баъд аз бозгашт, моҳи сентябри соли 2015 дар ҳайати гурӯҳи мусаллаҳонаи ТТЭ ҲНИ бо нияти кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар амалиёти ҷангӣ ба муқобили қувваҳои ҳукуматӣ иштирок намудааст (баъдан авф карда шуд). Бо нияти аз ҷавобгарии ҷиноятӣ гурехтан, 1 ноябри соли 2015 аз Беларус, ки он ҷо тариқи роҳҳои даврӣ омадааст, тавассути ҳавопаймо ба Озарбойҷон парвоз кард. Аз он ҷо 9 ноябри худи ҳамон сол ба Эрон парвоз кард, ки инро қайдҳояш дар хатсайрҳо собит месозанд. Чопи хатсайрҳои ӯро тавассути Интернет бидуни ҳеҷ мамоният дастрас кардан имконпазир аст ва метавон чунин суоли табииро ба миён гузошт: чаро баъди кӯшиши бенатиҷаи табаддулоти давлатӣ Абдусамадов Ҳ. ба хотири пинҳон шудан на ба Россия, Америка, Аврупо, Африқо ва ё ҳамчун узви ДОИШ ба Афғонистон, ки он ҷо ҳоло ҳазорҳо доишиҳо қарор доранд, фирор накарду балки маҳз ба Эрон рафт? Агар Абдусамадов Ҳ. узви ДОИШ мебуд, чаро хадамоти махсуси зираки Эрон, ки бо ин ташкилот дар ҳоли муқовимати шадид қарор доранд, ӯро дастгир накарданду иҷозат доданд, ки бемамониат ва озодона сарҳадро борҳо убур намояд ва дар қаламрави Эрон озодона ҳаракат намояд? Бо истифода аз пойгоҳи маълумоти байналмилалӣ оид ба террористон хадамоти махсуси ҶИЭ медонистанд, ки Абдусамадов Ҳ. дар ҷустуҷӯ қарор дорад, вале хомӯширо ихтиёр карданд. Лоақал, онҳоро далеле, ки аъзои ТТЭ ҲНИ Абдусамадов Ҳ. ва Убайдов Н.А. дар шаҳрҳои Одинтсово ва Подолски назди Москва ҳамчун иддае аз террористон ҷамъ гардида, ба корҳои ҷалбкунӣ машғул шуда, беҷазо мондаанд, бояд ҳушдор медод.

Фармоишгари ҷинояти мудҳише, ки дар Данғара содир карда шуд, Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович, с.т. 1973, зодаи ноҳияи Фархор, аз соли 1992 узви фаъоли ТТЭ ҲНИ ва аз соли 2012 дар ҷустуҷӯ қарор дорад, мебошад. Соли 2015 ба рӯихати кофтуковии Интерпол ворид шудааст. Ҷинояткор ба падараш Убайдов Саидаҳтам, с.т. 1930, узви фаъоли ТТЭ ҲНИ пайравӣ кардааст. Падараш дар деҳаи Фрунзеи колхози Карл Маркси ноҳияи Фархор зиндагӣ мекард ва мудири анбор буд. Дар даст силоҳ ба муқобили сохти конститутсионӣ ҷангида, дар куштори чандин нафар аҳолии осоишта ва дар ҳамлаи террористӣ ба намояндагони зиёии кишвар даст дорад, инчунин дуздиву ғоратгарӣ низ кардааст. Писари ӯ, Убайдов Носирхуҷа дар мактаби динии узви ТТЭ ҲНИ Мирзоев М.А., дар ноҳияи Ҳисор таҳсил кардааст. Ҳамзамон, бо падараш, дар солҳои 90-ум, замоне ки ҳанӯз аз ДОИШ ҳарфе ҳам набуд, ӯ ба сафи ТТЭ ҲНИ дохил шуд ва баъдан ба гирифтани қасоси падараш шурӯъ кард. Убайдов бо роҳбари қаноти ҷангии ТТЭ ҲНИ «Ҷамоати Ансоруллоҳ» Табаров Амриддин дар робитаи зич дошт. Аз соли 2002 то 2006 Убайдов Н.А. дар Эрон зиндагӣ карда, дар муассисаҳои динии шаҳрҳои Зоҳидон ва Хош таҳсил намудааст. Дар урдугоҳҳои тамринии Эрон омӯзиши тахрибкориро гузаштааст. Ҳангоми дар Эрон будан, Убайдов Н.А. фаъолона ба ҷалби ҷавонон аз ҷумлаи шаҳрвандони ҶТ машғул буд. Солҳои 2011-2015, вақте ки дар шаҳрҳои назди Москва (Одинтсово ва Подолск) қарор дошт, ки он ҷо ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёнро ба сафи ТТЭ ҲНИ идома медод. Нисбат ба ӯ аз рӯи қ.2-и м.187 (Иштирок дар ҷамъияти ҷиноятӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз карда шудааст. Дар амалиёти ҳарбии кишварҳои Шарқи Наздик бар зидди қувваҳои ҳукуматӣ ширкат варзидааст. Ду ҳамсар дорад, ки яке аз онҳо Шарифова М.Т. дар соли 2004 дар мадрасаи «Мадинат ул-Явм» таҳсил кардааст. Ӯ ҳоло дар Ироқ дар маҳбас қарор дорад. Амалҳои гурӯҳи ҷинояткори Абдусамадов Ҳ-ро, ки амали террористӣ содир намуд, Убайдов Н.А. тавассути барномаи “WhatsApp”, на аз ҷои дигар, балки аз шаҳри Хоши Эрон роҳбарӣ мекард.

Аъзои дигари гурӯҳи ҷинояткор Маҷидов А.Ё. ва Сафаров З.Д. аз моҳи феврал то июни соли 2018 дар ш. Новосибирски ФР дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанд. Рӯзҳои 17 ва 20 июли соли ҷорӣ онҳо ба номи узви ТТЭ ҲНИ Ғаниев Кароматулло Исматуллоевич, истиқоматкунандаи ш. Норак дар ҳаҷми 20 000 рубли русӣ маблағи пулӣ равон карданд, ки ӯ онҳоро барои омодагӣ ба содир намудани амали террористӣ нисбат ба сайёҳони велосипедрони хориҷӣ истифода намуд. Ҳоло Ғаниев К.И. таҳти тафтишот қарор дорад.

Далелҳои интиқоли маблағҳо мувофиқи аснод собит шудаанд (Дар акс расиди банк оид ба интиқоли маблағ бо забони русӣ оварда шудааст).

Коршиносони русиро мебоист бидонанд, ки ДОИШ, ки талош доранд ҳамлаи террористӣ бар зидди сайёҳони велосипедрони хориҷӣ дар Данғараро бо он алоқаманд созанд, ҳамчун қувваи ба таври фаъол амалкунанда, аллакай вуҷуд надорад, аз ҷумла бо шарофати амалҳои низомиёни ФР. Аз ДОИШ гурӯҳакҳои ночизе боқӣ мондаанд, ки дар Шарқи Наздику Миёна паҳн гардидаанд. Он паёмҳои видеоие, ки аз ном ва зери парчами ДОИШ, бо мақсади таблиғот ва тарсонидан интишор мешуданд, аз қабили навори аз ҷониби гурӯҳи Абдусамадов Ҳ. истифодашуда, дигар арзи вуҷуд надоранд. Ин ТТЭ ҲНИ аст, ки аз парчами бегона – парчами сиёҳи ДОИШ истифода бурда, зери он ҷиноятҳои навбатии худро пинҳон месозад.

Ҳолатҳое мешаванд, ки як ташкилоти террористӣ (ДОИШ) масъулияти ҳамлаи террористии содирнамудаи узви ташкилоти террористии дигарро (ТТЭ ҲНИ), ба хотири аз ҳастии худ дарак додан, нишон додани қувваи собиқа ва муҳиммияти худ, «васеъ намудани» миқёси ҷуғрофии нуфузи, ба зимма мегирад. Вале, маълум аст, ки дар айни ҳол хадамоти махсуси Эрон бренди ДОИШ-ро ҳамчун асбоб ва пардаи пӯшиши ҳадафҳои худ истифода бурда, таҳти ин «чатр» изи фаъолияти ТТЭ ҲНИ-ро, ки нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ ҳамлаи террористии мудҳиш содир намуд ва зери пуштибонии ғоявӣ, маънавӣ ва моли ҶИЭ қарор дорад, пинҳон месозад.

Боиси нигаронист, ки ҳамаи гуфтаҳои болозикр аз ҷониби ба ном «коршиносони мустақил», ки талош доранд, то аслияти фоҷеаеро, ки дар Тоҷикистон рух дод ва боиси ба ҳалокат расидани сокинони осоишта гардид, инъикос намоянд, пинҳон ва барқасдона таҳриф мешаванд. Вале, маълум мешавад, ки ин мустақилият танҳо аз дурии онҳо нисбат ба ҳақиқат, воқеият, мантиқ ва афкори солим иборат буда, дар фазои ВАО тибқи қонунҳои манфиатҷӯӣ ва муносибатҳои бозаргонӣ ба роҳ монда шудааст.

А. Дубнов (бо Кабирӣ муносибатҳои шахсӣ дорад), В. Панфилова (шавҳараш – О. Панфилов дар солҳои 90-ум ҲНИТ-ро фаъолона дастгирӣ мекард), А. Серенко (солноманавис ва хушомадгӯи ТТЭ ҲНИ), А. Грозин, А. Князев ва дигар иштирокдорон ба эҳтимоли зиёд бо намояндагони ташкилоти террористӣ-экстремистии мазкур ҳамкории зич доранд. Онҳо дар мавзӯи Осиёи Марказӣ туфайлихур шуда, омодаанд дар бораи ҳар чизе, ки лозиму нолозим аст, нависанд, бе назардошти он ки як калимаи беҷо метавонад сӯитафоҳумро дар тудаи худашон барнгезад.

Ҳар санҷиш ва таҳқиқи ҳар суоле аз ҷониби мутахассис (коршинос) аз ӯ донишҳои махсусеро дар соҳаҳои муайян тақозо мекунад. Мутаассифона, муаллифони номбаршудаи ВАО аз ин чиз бехабаранд. Фавти мудҳиши сокинони осоишта барои онҳои ҷиҳати бори дигар хидмати навбатӣ кардан ба хоҷагон – фармоишгаронашон баҳонаи иттилоотии муносиб гардид. Аз ҳама хатарнок ва зиёновар ин аст, ки онҳо худро ба унвони рӯзноманигорони рус муаррифӣ намуда, ноинсофона (ноҳақона) ба худ мақоми коршиносон-таҳлилгаронро гирифтаанд. Баъди гирифтани фармоиши иттилоотӣ, бо ҷӯшу хурӯш нуқтаи назари худро ҳамчун ҳақиқати ягона пешниҳод мекунанд. Бо дастрас будани Интернет ва дар пеши чашми худ доштани маводҳои расмии интишоршудаи тафтишот, маълумоти ВКД аз рӯи ҳодисаи ин ҷиноят, ягон нафаре аз ин бо ном коршиносон фурсат пайдо накардааст, ки оид ба қазияи рухдода дуруст фикр кунад, далелҳоро муқоиса намояд, ба иттифоқҳо диққат диҳад, иттилоотро баррасӣ намояд ва «мағзҳои таҳлилӣ»-ро густариш диҳад.

Ин чӣ аст? Корношоямии касбӣ, ғайриҳирфаӣ ё қасдан таҳриф кардан, ташкили нусхаҳои муғризона? Танҳо коршиносони ҳақиқӣ аз маълумоти камтарин метавонанд хулосаҳои саҳеҳ бароранд, на коршиносони сохта. Ҳол он ки имрӯз дар нашриёти озод факту далелҳои зиёде мавҷуданд, ки дар бораи ҳамлаи террористӣ ва иҷрокунандагони онҳо гувоҳӣ медиҳанд.

Пас, барои чӣ муаллифони номбурда, ки ҳеҷ робитаи мустақиме бо Тоҷикистон надоранд, ба сохти дунявии иҷтимоӣ муносибати манфӣ зоҳир намуда, исломгароёни ифротӣ, ҷинояткорони ТТЭ ҲНИ-ро беғаразона ҳимоят мекунанд? Бо кадом мақсад ҷониби Кабириро мегиранд, ки аз лиҳози тафаккур, ақоид ва дину мазҳаб ба онҳо бегона аст? Таваҷҷуҳи онҳо нисбат ба террористони ТТЭ ҲНИ чӣ гуна аст? Чаро ҳимояи манфиатҳои ҷинояткороне, ки амалҳои хушунатбори ғайриинсониро анҷом додаанд барои онҳо болотар аз ҳақиқат, амният ва субот аст? Чаро онҳо экстремистонро, ки ба ҳар роҳе набошад мехоҳанд ҳокимиятро ба даст оварда, давлати шариатӣ барпо намоянд, ҳамраъйӣ мекунанд?

Охир, маҳз аъзои ТТЭ ҲНИ нисбат ба намояндагони дигар миллату мазҳабҳо ва хориҷиён ҳисси бетаҳаммулӣ, кина ва бадбинӣ нишон медоданду медиҳанд. Онҳо буданд, ки иғвои хурӯҷи дастаҷамъонаи русҳо ва намояндагони дигар миллиятҳоро аз Тоҷикистон барангехтанд. Ин ҳизб аз ибтидои ҳастии худ ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ буд. Ҳадафи террор – ин бо роҳи зӯроварӣ ноил шудан ба ҳадафҳои худ, тезу тунд кардани фазо ва носубот сохтани вазъ бо роҳи хушунату тарсонидан мебошад. Дар куштори мақсадноки даҳҳо шаҳрвандони Россия аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбӣ, журналистон ва аҳолии осоишта маҳз аъзои ТТЭ ҲНИ даст доштанд. Мардумони миллатҳои гуногуне, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекарданд, қурбонии онҳо гардидаанд.

13 июли соли 1993 силоҳбадастони ТТЭ ҲНИ ба постгоҳи марзии 12-и дастаи сарҳадии Москваи Гурӯҳи қӯшунҳои сарҳадии Россия дар ҶТ ҳуҷум карда, 25 сарҳадбонро ба ҳалокат расониданд. Дар давраи аз с. 1994 то 1998 даст доштани аъзои ҳизби исломӣ-ваҳҳобӣ дар шаш ҳодисаи куштори хизматчиёни ҳарбии Россия дар шаҳрҳои Душанбе, Чкалов ва Қӯрғонтепа собит шудааст. Ба ғайр аз ин, 53 хизматчиёни ҳарбии Қазоқистон, ки қарзи хизматии худро дар Тоҷикистон адо мекарданд, қурбонии амалҳои террористии ТТЭ ҲНИ гардидаанд. Ҷинояткорони ТТЭ ҲНИ журналисти рус Виктор Никулинро дар ҷои кориаш ба таври ваҳшиёна ба қатл расониданд. Аз дасти онҳо беҳтарин фарзандони Тоҷикистон, аз ҷумлаи ходимони ҷамъиятӣ ва зиёиён ба ҳалокат расиданд: И. Исҳоқӣ, М. Ғуломов, М. Осимӣ, М. Назаршоев, Н. Ҳувайдуллоев ва дигар ходимони равшанфикр. Фармоишгари ин ҷиноятҳои мудҳиш хадамоти Эрон буд. Агар коршиносони Россия таърихи динро меомӯхтанд ва медонистанд, ки тоҷикон дар маҷмӯъ – суннианду эрониҳо шиаӣ, пас ба онҳо маълум мегардид, ки чӣ гуна фармоишгари ҷиноятҳо – хадамоти ҶИЭ ба осонӣ ба ТТЭ ҲНИ қатли ҳаммазҳабонашонро супориш дода буд. Ҳамаи қурбониён аз ҷониби тоҷиконе аз байн бурда шудаанд, ки омодагии махсусро дар қаламрави Эрон гирифтаанд. Айнан мисли имрӯз, баъди ҳамлаи террористӣ ба сайёҳони хориҷӣ, дар солҳои 90-ум роҳбарияти ТТЭ ҲНИ, сарпарастон ва пуштибонони хориҷии онҳо ба таври оммавӣ андӯҳу тасаллияти мунофиқонаи худро ба хешовандони қурбониёни ҳамлаҳои террористии худашон ташкилнамуда изҳор мекарданд.

Ба ҷомеаи қаламбадасте, ки таҳти пӯшиши «коршиносони Осиёи Марказӣ» амал мекунанд, бояд чатри маъмулии, ҳазорҳо бор истифодашудаи пӯшиши хадамоти махсуси ҷаҳон, найрангҳои онҳо, кӯшиши зери парчами бегона амал кардан, ошно бошад. Парчами ДОИШ низ чун шиносномаҳои қалбакии кишварҳои дигар, ки дар чопхонаҳои КСИР, Вазорати иттилооти Эрон чоп мекунанд ва дар бештари кишварҳои Шарқи Наздик ва Афғонистон паҳн гаштааст – ин ҳунари маъмулии ҳамарӯзаи охундҳоеанд, ки имрӯз ғосибони ҳукумати интеллектуалии мардуми Эрон мебошанд. Фикр намекунам, ки онҳо хостори як умр ҳамчун коршиносони таҳти пӯшиши нодонӣ бимонанд, бахусус, бо боғоҷи шӯравӣ, бо иддаои нақши ҷӯяндагони ҳақиқат.

Аъзои ҷавони ТТЭ ҲНИ, ки ба шасти ҳамқавми сиёсии Эрон гирифтор шуда, омодагии тахрибкоронаро дар урдугоҳҳои Эрон гирифтаанд, анъанаҳои харобкоронаи гузаштагони худро идома медиҳанд.

Бинобар ин ҳам ҳамлаи террористии нави ТТЭ ҲНИ дар Тоҷикистон, ки бо дастури хадамоти махсуси Эрон содир шудааст, гувоҳи он аст, ки онҳо сайъ доранд, таърихи хунини солҳои 1990-умро такрор кунанд. Барои ҳамин ҳам бояд ҷомеа сарҷамъу муттаҳид бошад, то густариши имконпазири таҷовузҳои террористиро саривақт пешгирӣ намояд.

Навиштаҷоти дар боло зикргардида бояд барои коршиносони рус ҳамчун маълумот барои андешидан ва сабаб барои аз нав баррасӣ намудани ақидаҳои нодурусташон гардад.

Бахтиёр Рахимов, корманди илмии шуъбаи ҷамъиятшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg