БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Рафтору кирдори ноҷавонмардони аъзои ТЭТ ҲНИ-ро дар ташкилоту идораҳо маҳкум карда истодаанд!

ШАҲРИТУЗ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар  ташкилоти ибтидоии «Раёсати молия»  дар мавзӯъи баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои  экстремистию террористӣ  ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки  мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Абдуллоева Шоира хониши сиёсӣ баргузор гашт.  

Зимнан Абдуллоева Шоира  дар назди ҷамъомадагон  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ро  муҳокима намуда,  зикр кард, ки  мо ҳизбиёнро  зарур аст, бештар дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро  роҳандозӣ намоем, онҳоро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ сафарбар созем, чунки боз ҳам ободу зебо ва паршафта гардидани Ватани маҳбубамон аз ҳар як  шахси бедордилу худогоҳи миллат вобастагӣ дорад.

Инчунин, ҳодисаи нангини  дар ноҳияи Данғара бавуқӯъомадаро, ки боиси марги сайёҳони хориҷӣ гардидааст,  муҳокима карда, рафтору кирдори ноҷавонмардони  аъзои ТЭТ ҲНИ-ро   сахт  маҳкум карданд. Чунин суҳбату вохуриҳо дар дигар ташкилоту муассисаҳои ноҳия низ баргузор гашта истодааст.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg