ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар маҳаллаи Мирсаид Миршакар чорабинӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, вобаста ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҳодисаи нангини дар ноҳияи Данғара ба вуқӯъпайваста, бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидов бо фаъолзанони маҳаллаи болозикр доир гардид.
Дар чорабинӣ тамоми ҳунарҳои мардумии дастранҷи ҳунармандони маҳалла ба намоиш гузошта шуд, ки бининдаро дар ҳайрат гузоштанд. Гузашта аз ин ҳунармандону кадбонувони сатҳи маҳал бо ҳунарҳои волояшон даъват шуда буданд, ки дар ҳузури ҳайати ҳозирин чеварони варзида таҳти роҳбарии устодашон холаи Гулнора ба дӯхтани либосҳои миллӣ машғул шуданд.
Зимнан масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва вобаста ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҳодисаи нангини дар ноҳияи Данғара ба вуқӯъпайваста муфассал суханронӣ намуда, ҳозиринро қаноатманд ва ба суолҳои онҳо вобаста ба масъалаҳои ба миёнгузошташуда ҷавобҳои амиқ гардониданд.