ХОВАЛИНГ. Дар ҷамъомаде, ки дар ҷамоати деҳоти Ғаффор Мирзоеви ноҳия бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассиса, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида шуд, амали террористии рӯзи 29 июли соли 2018 дар ноҳияи Данғара аз тарафи террориристони омоданамудаи ТТЭ ҲНИ рух дод, сахт маҳкум карда шуд.
Дар назди ҳозирин раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сафар Халилов баромад намуда, қайд кард, ки ин ҳодисаи нангин, ки обрӯи халқи тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати меҳмоннавозу меҳмондӯст коста менамояд, қаҳру ғазаб ва нафрати сокинони диёри Ховалингро ба амал овард. Онҳо дар ҷамъомадҳое, ки баъди ба амал омадани ин ҳодисаи мудҳиш дар ташкилоту муассиса, маҳалли истиқоматии сокинони деҳаю кӯчаҳо гузаронида шуд, фикру ақидаи худро нисбати ТТЭ ҲНИ ва думравону хидматгорони онҳо, ки чун манқуртон ба ҳар як ишораи сарварони хунхор ба ҳар амали ғайриинсонӣ омодаанд, баён дошта, ба саркардагони ин куштор, фарзандони ватанфурӯшу миллатфурӯш ва падару модароне, ки онҳоро ба ҷойи инсони комил душмани миллати хеш тарбия намудаанд, нафрат баён намуданд.
Ба падару модарон, омӯзгорон, аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ муроҷиат намуданд, ки дар тарбияи насли наврас бетарафӣ зоҳир нанамоянд. Дар фарзандони худ ҳисси нафрат ба терроризмро бедор созанд.
Чанде аз иштирокдорон баромад намуда, дар баромадашон мубориза ба терроризм ва ифротгароии хушунатомезро кори дастаҷамъонаи тамоми сокинони мамлакат арзёбӣ карда, сокинони кишвар, аз ҷумла бошандагони диёрро ба муттаҳидӣ, якдигарфаҳмӣ ва ба муборизаи дастаҷамъона ба терроризму экстремизм даъват намуданд.