БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон аз ҳиллаву найрангҳои ТЭТ ҲНИ бештар огоҳӣ пайдо карданд

ВОСЕЪ. Дар деҳаи Бӯстони ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ мутобиқ ба ҷадвали тасдиқшудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ  намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Зимини баргузории чорабинӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Шаҳноза Раҷабова иштирок намуда, қайд кард, ки дар руҳияи ҳунармандиву бунёдкорӣ, созандагиву ободонӣ тарбия кардани насли наврас ва ҷалби бештари сайёҳон ба давлати азизамон-Тоҷикистон мо дар ин самт диққати махсусро равона намудаем.

Ин иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як тараф аз нав эҳё намудани ҳунарҳои миллӣ бошад, аз ҷониби дигар тарбия намудани ҷавонон ва омӯзонидани касбу ҳунарҳои ниёгонамон ба онҳо мебошад, то ин ки ҳунарҳои аҷдодонамонро аз худ намуда, ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ намоянд.

Дар баробари андешаронӣ Раҷабова Шаҳноза атрофи ҳодисаи  фоҷиабору нангини  гурӯҳи муташаккили  ҷиноятпеша, ки бо фармоиши  ТЭТ ҲНИ  дар куштори 4 нафар сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара  даст заданд,  ҳарф зада, мардумро бори дигар аз хавфу хатарҳои   ташкилотҳои террористиву экстремистӣ огоҳ намуд.

Дар охир  иштирокдорон амали  сангину  нанговари гурӯҳи  авбошони ҳайвонсиратро, ки наҳзатиён намехоҳанд Тоҷикистони мо ободу  рушд ва зиндагии мардум орому осуда бошад, қотеъона маҳкум карда, ба ҳамлаи  қотилон нафрат хонданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg