БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дӯзандагӣ манбаи даромад ва ҷойи кор барои занон!

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ресанда»-и шаҳри Бохтар тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Ализода Одил ва мудири шуъбаи кор бо занон Ҳакимова Волида иштирок ва андешаронӣ намуданд.

Зимнан масъулин дар назди иштирокдорон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал,  эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳи ва хунарҳои мардумӣ суханронӣ намуда,  қайд карданд, ки эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи имконоти мавҷудаи табиию таърихии кишвар мебошад. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба халқи тоҷик як натиҷаи пурсамар дод, чунки ба ин иқдоми пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи  тоҷик  ҳунару  маҳорати  аҷдодони  худро  аз нав зинда карда, онро пос медоранд.

Инчунин, дар ин росто, оид ба ҳодисаи  даҳшатбори  гурӯҳи ҷавонони ҷиноятпеша, ки дар куштори  4 нафар  сайёҳони хориҷӣ  даст доштанд,  мавриди баррасӣ қарор дода, бори дигар онҳоро   аз хавфу хатарҳои  ҳизбу ҳаракатҳои  террористӣ хабардор намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg