БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Халқи тоҷик ба қотилони сайёҳон нафрат доранд!

Ҷ.БАЛХӢ. Бо мақсади аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа дар маҳаллаи Камунари ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии судманд баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур, дар байни занону духтарони деҳот намоишӣ касбу ҳунарҳои мардумӣ, эҳёи анъанаҳои неки ниёгон бо мақсади пешгирии сокинон аз хурофоту бегонапарастӣ, пешгирӣ аз амалҳои зишту номатлуби ҷомеа, таъсиси ҷойҳои корӣ дар хона ва ҷалби ҷавондухтарон ба корҳои хонагӣ ва аз ҳамин ҳисоб паст кардани сатҳи бекориву камбизоатӣ, ба таҳсил фаро гирифтани ҷавондухтарон дар Донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар, ки ин ҳама аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошад, арзёбӣ карда шуд.

Инчунин, дар рафти баргузории вохӯрӣ оид ба ҳодисаи  даҳшатбори  куштори 4 нафар сайёҳони хориҷӣ, ки дар  шоҳроҳи Душанбе –Кӯлоба аз ҷониби  як гурӯҳи ҷинояткори ТЭТ ҲНИ ба вуқӯ пайваст, андешаронӣ намуда, аз сокинон барои  беназорат намондани фарзандон, алалхусус ҷавонон,  дар оянда пешгирӣ кардани зуҳуроти номатлубӣ ҷомеа,  аз даст надодани ҳушёриву  зиракии сиёсӣ даъват ба амал оварданд. Аз ҷумла қайд доштанд, ки анҷомдодагони ин амали касифро Ватану миллат  ҳеҷ гоҳ намебахшад!

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg