БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар доираи аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» Ватанамонро обод месозем

А.ҶОМӢ. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар доираи баргузории нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба баргузории корҳои  ободониву созандагӣ дар маҳал ва дар партави  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар деҳаи Правдаи ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳашари умумӣ бо ҷалби аъзо ва ҷониборони ҲХДТ, аъзои  намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар Оромгоҳи деҳа гузаронида шуд.

Корҳои ободонӣ бо ташаббуси фаъолони ҲХДТ,  аз ҷумла раиси  маҳалла Тошев Шарифбек,  эмомхатиби масҷиди маҳалла Каримов Акобир  ва Одинаев Абдулҳай баргузор гардид, ки дар ин кори хайру савоб хурду бузурги  деҳа барои тоза кардани  оромгоҳ аз алафҳои бегона,  нарм кардани бехи дарахтон саҳми арзандаи худро гузоштанд.   

Дар ин ҳашари умумӣ пирони барнодили деҳа низ бетараф набуда, якҷоя бо ҷавонону наврасон атрофи маҳали зисти худро аз партову  алафҳои  бегона тоза карданд. Яке аз пирони кор, ки синнаш ба 91 расидааст, бобои Қаландар Дӯстов мебошад, ки аз қатори сокинони деҳа қафо намонда, дар баробари онҳо дар ин ҳашар саҳми худро гузошт.

Дар ҳақиқат сокинони деҳа бо корҳои ободониву созандагии худ, баҳри амалӣ гардидани мақсаду мароми халқпарваронаи ҲХДТ, бо садоқати самимӣ саъю талош варзида истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg