БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мо амалҳои нангини ТЭТ ҲНИ-ро маҳкум менамоем!

ШАҲРИТУЗ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Нозироти андоз» дар мавзӯъи фаъол гардонидани шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон бо шуғл бо иштироки  мутахассиси шуъбаи баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ЊХДТ дар ноњияи Шањритуз Ҳикматова Хайринисо баргузор гардид.

Ҳикматова Хайринисо  дар назди ҷамъомадагон самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, Соли тақвияти робита бо маҳал ва эълон гардидани  соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро  баррасӣ карда, инчунин дар идомаи суҳбат атрофи   ҳодисаи нангини  дар ноҳияи Данғара ба вуқӯомадаро, ки боиси марги сайёҳони хориҷӣ гардидааст,  андешаронӣ намуд.  Ин амали разилро қотеона маҳкум намуданд.

Дар охир иштирокдорон ин  ҳамлаи  қотилони  давлату миллатро  кори дасти  ТТЭ ҲНИ ҳисобида, иброз доштанд, ки мардуми тоҷик дигар  ба ҳиллаву найрангҳои  ватанфурӯшон  дода намешаванд ва дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо барои лаънаткардаҳои наҳзатиён ҷой нест. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg