БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар роҳи мубориза ба терроризм ҳамеша омода бошем!

ХОВАЛИНГ. Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассиса ва деҳаю маҳаллаҳо бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  Литсейи касбӣ-техникии ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Дар назди ҳозирин масъулин баромад намуда, ба аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  муҳтавои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбро фаҳмонида, онҳоро баҳри иҷрои талаботҳои он ҳидоят намуданд.

Мавзӯъи асосии хониши сиёсиро мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароии хушунатомез ташкил дод. Дар хониши сиёсӣ амали террористии рӯзи 29 июли соли 2018 дар ноҳияи Данғара баамаломада маҳкум карда шуда, аз мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ талаб карда шуд, ки нисбати хоинони миллат ва волидайни онҳо дар асоси талаботҳои қонун ҷазои сазовор дода шавад.

Иштирокдорони хониши сиёсӣ Азизов Сулаймон ва Тешаев Иброҳим аз суҳбати дар мавзӯъҳои муҳими рӯз гузаронидашуда, изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамагонро ба он даъват намуданд, ки ҳамеша омодаи мубориза бар зидди  терроризм бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg