БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Кирдори ваҳшиёнаи террористонро маҳкум месозем!

КӮЛОБ. Вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъоли ҲХДТ ва ҳодисаи нангини дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон рухдода дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Лоиҳакаш” бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб мулоқот доир карда шуд.

Зимнан, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул дар асл ҳодисаи мудҳиш, ки санаи 29 июли соли 2018 ба вуқӯъ пайваст, тамоми мардуми Тоҷикистонро нигарон намуд. Агар ба ин ҳодиса назар афканем, мебинем, ки аксари аъзои ин гурӯҳи террористиро ҷавонон ташкил медод. Ҳодисаи мазкур дар ҳоле рух дод, ки мардуми шарафманди тоҷик баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пеша кардани корҳои созандагию бунёдкорӣ омодагиҳо дида истодаанд.

Имрӯзҳо бисёре аз ҷавонони мо бо амалҳои неку созанда дар ободгардонии Ватани азиз бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ саҳмгузорӣ карда истодаанд. Мутаасифона, дар ин миён боз ҷавонони ноогоҳу тирабин ҳастанд, ки ба фиребу дасисаҳои гурӯҳҳои тундгаро дода шуда, ба ҷойи ободгардонӣ теша ба решаи дарахти сабзи давлату миллати худ мезананд. Мехоҳанд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ аз лиҳози амну субот ҳамчун давлати заифу нотавон нишон диҳанд.

Таъкид шуд, ки ин ҳодисаи нангин бори дигар миллати тоҷикро аз азиз будану гиромӣ доштани арзишҳое чун сулҳ, ваҳдат, иттиҳоду ягонагӣ, муттаҳид будан атрофи Пешвои миллат башорат дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg