БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳамлаи ваҳшиёнаи қотилони сайёҳон фармоиши ТЭТ ҲНИ буд!

Ҷ.БАЛХӢ. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Раёсати кишоварзӣ» оид ба тарғиби  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Зимнан  масъулин атрофи  куштори 4 нафар сайёҳони  хориҷӣ, ки бо дастури  ТЭТ ҲНИ  дар ноҳияи Данғара бо иштироки як гурӯҳ ҷавонони  гумроҳ  рух дод, андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки  ин ҳама дасисаву иғвоҳо ба хотири паст кардани обрӯ ва нуфузи  Тоҷикистон  дар байни дигар  давлатҳо  ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ, ҳар  як аъзои ҲХДТ-ро лозим аст,  барои ба дарки ҷомеа ба таври дуруст расонидани мазмуни амали террористӣ, ки  бо супоришу фармоиши  ТЭТ ҲНИ  ба амал омада истодаанд, корҳои тарғиботиву ташвиқотиро роҳандозӣ намоянд.  

Дар ин раванд  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  мавриди баррасӣ қарор дода шуда,  моҳияти  Аксияи ҳизбиро  ба ҷамъомадагон фаҳмониданд.

Дар охир иштирокдоронро барои дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ ки баҳри боз ҳам ободу пешрафта гардидани Ватани азизамон ва зиндагии босаодати мардум равона карда шудааст, ба корҳои созандагиву ободонӣ, анҷоми корҳои хайру сахо, кӯмак расонидан ба шахсони ниёзманди ҷомеа раҳнамоӣ карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg