БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нест бод терроризму экстремизм!

Ш.ШОҲИН. Бо иштироки   кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Тошбулоқи ҷамоати деҳоти Чагам  бо сокинон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва чорабинии фарҳанги бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир карда шуд.

Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Ҳошимов Абдураҳим доир ба  мавзӯъи доғи рӯз терроризм, экстремизм  ва дигар масаълаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуд.

Дар охир мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Қурбонова  Малоҳат  ба   сухан  баромада, доир ба ҳодисаи нангини куштори сайёҳони хориҷӣ, ки аз ҷониби дастандаркорони ТЭТ ҲНИ дар ноҳияи Данғарар рух дод, андешаронӣ намуда,  ҷамъомадагон рафтори ваҳшиёнаи ин гурӯҳи ҷиноятпешаро  сахт маҳкум карданд.

Инчунин, дар рафти вохӯрӣ чанде аз сокинон ба  сафи аъзои ҳизб қабул карда шуда,  ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg