БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳамлаи авбошонаи ҷавонони гумроҳро ҷавонону занони ноҳия маҳкум карданд!

А.ҶОМӢ. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар доираи татбиқи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  дар ташкилоти ибтидоии “Файзбахш”-и деҳаи Қулсанги ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо фаъолон, ҷавонону занони деҳа хониши сиёси баргузор намуданд.

Бояд қайд намуд, ки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар назди ҷамъомадагон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҷиҳати сазовр истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон андешаронӣ карданд.

Инчунин, фаъолони деҳа ҳодисаи нангини дар ноҳияи Данғара анҷомёфтаро маҳкум намуда, вазифадор шуданд, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар огоҳ кардани сокинон аз ҳодисаи нанговар ва минбаъд пешгирӣ кардани чунин воқеаҳо ҳушёру зирак бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg