БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Амали ноҷавонмардонаи ТЭТ ҲНИ, ки боиси марги 4 нафар сайёҳи хориҷӣ гардид, сокинони маҳалро ба ғазаб овард!

ҶАЙҲУН. Вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо аҳли ҷамоатчигии ноҳия дар робита ба ҳодисаи нангини дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба вуқӯъомада, бо иштироки шумораи зиёди  сокинон баргузор гардид.

Дар он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидов  вобаста ба қазияи воқеъан зишту ноҷавонмардонаи бадхоҳони миллат суханронӣ намуда, ба таври ҷидди ин масъаларо бо аҳли ҷамоатчигии ноҳия баррасӣ ва муҳокима намуданд.

Зимнан қайд гардид, ки ин амали ноҷавонмардона ва ваҳшиёнаро санаи 29 июли соли равон гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ, ки бо автомашинаи  сабукрав дар километри 81-и шоҳроҳи Кӯлоб-Душанбе дар ҳудуди деҳаи Сафобахши ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон босуръати баланд 7 нафар сайёҳони хориҷиро пахш намуда, бо истифода аз аслиҳаҳои сард (корд, табар)  захмин карданд. Дар натиҷаи ин амал 4 нафари онҳо ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар дар ҳолати вазнин ба беморхонаи ноҳияи Данғара интиқол дода шуданд.
Амали террористии мазкур аз ҷониби бадхоҳони миллат фармоишӣ буда, дорои характери сиёсӣ мебошад ва аз тарафи гурӯҳҳои террористӣ вобаста ба соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нақшабандӣ карда шудааст ва мақсади аслиашон бадном сохтан ва паст задани обрӯ ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад, ки мо ба ин ҳаргиз роҳ нахоем дод!

Иштирокдорон ин амали зиштро қотеъона маҳкум карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg