БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тантанаҳои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳа

ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муасссиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияҳои Шаҳритуз дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар деҳаи Свердлови ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматови ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки аъзои ҲХДТ аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Ориён” ва “Меҳргон” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар нохияи Шахритуз Носирзода Абдукарим Носир вохӯрӣ атрофи самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҳизбӣ  ва чорабинӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Инчунин, аз тарафи иштирокчиёни вохӯрӣ ҳодисаи нангини  дар ноҳияи Данғара ба вуқӯъомадаро, ки боиси марги сайёҳони хориҷӣ гардидааст, ва аз ҷониби аъзои собиқ  Ҳизби Назҳати Ислом  таҳрези шударо сахт  махкум намуданд.

Ҳамчунин дар доираи нақша чорабиниҳои тасдиқгардида чорабинии рангини фарҳангӣ-сиёсӣ дар заминаи Соли рушди сайҳи ва ҳунарҳои мардуми баргузор карда шуд, ки ба иштирокдорони чорабинӣ писанд омад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg