ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шуғли аҳолӣ» бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» вобаста ба ҳодисаи ноҷавонмардонаи гурӯҳи ҷинояткорон ба сайёҳони хориҷӣ, ки санаи 29 июли соли равон дар шоҳроҳи Кулоб-Душанбе дар ҳудуди деҳаи Сафобахши ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара ба амал омада буд, хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Зимнан Сабоҳат Азизова дар бораи ҳодисаи нангине, ки нисбати 7 нафар сайёҳони хориҷӣ аз ҷониби аъзои гурӯҳи террористиву экстремистии ТЭТ ҲНИ ба амал омада буд, ибрози андеша намуда, ин амалро амалӣ хиёнаткорона, аблаҳона ва ғайриисломӣ ҳисобида, дар якҷоягӣ бо иштирокдорон онро қатъин маҳкум намуданд.
Дар идомаи суҳбат Сабоҳат Азизова аз ҷамъомадагон барои пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҳифзи оромии марзу буми кишвар, аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва зери сиёсати ватандӯстонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон софдилонаву содиқона хизмат намудан ба халқу Ватан даъват намуд.