ХОВАЛИНГ. Дар хониши сиёсие, ки мутобиқи ҷадвали тасдиқгардида дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби варзишӣ” гузаронида шуд, мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия
Ш.Набиев дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбат намуд.
Мавсуф дар баромадаш бештар дар бораи моҳияти хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ва омили асосии нигоҳ доштани сулҳу суботу амният дар кишвар бо овардани мисолҳо аз фаъолияти родмардони Ватан ба таври муфассал сухан ронда, қайд намуд, ки сарҳади Тоҷикистон ба Афғонистони ҳамсоя 1400 километрро ташкил медиҳад. Боиси ташвиш аст, ки алҳол бештари террористону экстремистоне, ки аз давлатҳои ҷангзадаи Сурия, Либия, Яман ва дигарҳо бароварда шудаанд, дар шимолиАфғонистон, дар сарҳади давлати мо қарор доранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи муташшаниҷи ҷаҳон қайд менамояд, ки ягона яроқу аслиҳаи мо барои ҳифзи давлату миллат муттаҳидии мардуми кишвар, дастгирии онҳо аз сиёсати дохилӣ ва берунии Президент ва давлати Тоҷикистон мебошад.
Чи қадаре, ки сокинони кишвар ин сиёсатро ҷонибдорӣ намоянд, ҳамон қадар давлату миллат пойдору устувор мемонад. Аз ин рӯ, моро мебояд, ки фарзандонро аз хурдӣ дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, онҳоро чун ворисони сазовори ин марзу бум ба воя расонем.