ФАРХОР. Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор курси бозомӯзӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ташкилоту муассисаю маҳаллаҳо ва вакилони Маҷлиси вакилони ҳалқи ноҳия баргузор гардид.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Алиҷон Назаров кушода, мақсади ҷамъомадро ба иштирокдорон фаҳмонид.
Сипас, муовини Раиси ҲХДТ Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ Ҳамидов Илҳомҷон, мудири бахши бақайдгирӣ ва кор бо созмонҳои ҷамъиятии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ аз рӯи масъалаҳои барнома суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин баромадкунандагон оид ба масъалаи нангини дар ноҳияи Данғара аз ҷчониби гумоштагони ТЭТ ҲНИ рух дода, изҳори ақида карда, кирдори онҳоро маҳкум намуданд.
Чорабиниро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ҷамъбаст карда, барои бартараф сохтани камбудиву норасоиҳои мавҷуда дар фаъолияти корӣ ба раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ дастурҳои судманд дод.