БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизбиёни ноҳия аз курси бозомӯзӣ таассуроти нек бардоштанд!

ТЕМУРМАЛИК. Бо иштироки  муовини Раиси  ҲХДТ Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода, раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар  вилояти Хатлон  Раҳмонзода  Абдулло Қурбоналӣ, мудири  бахши  бақайдгирӣ ва кор  бо  созмонҳои ҷамъиятии Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Шоҳиён Абдураҳим, мудири  шуъбаи  кор  бо  ҷавонон  ва  занони дастгоҳи  КИМ  ҲХДТ Ҳамидов  Илҳомҷон курси бозомӯзӣ оид ба тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар минтақаҳо ва баланд бардоштани дониши сиёсии раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо иштироки фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор  гардид.

Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода дар  назди ҷамъомадагон  дар мавзӯъи

 “Нақши ҲХДТ дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ”, сиёсати хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ   мсуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  андешаронӣ намуд. Дар идомаи  ҷамъомад  Ҳамидов Илҳомҷон ва Шоҳиён Абдураҳим дар мавзӯъи “Тарзу услуби замонавии таблиғу ташвиқ бо истифода аз технологияҳои муосири электронӣ ва истифодаи самарабахши ВАО дар маъракаҳои сиёсӣ”,  “Татбиқи қарорҳои Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ (аз 16.02.2018)  ва амалигардонии ҳадафҳои Оинномавӣ ва Барномавии ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоӣ ”  андешаронӣ карданд.

Баъдан раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,  Соли тақвияти робита бо маҳал, тибқи талаботи Оиннома ва Барномаи ҲХДТ  фаъолият намудани  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа, тарзи дурусти корбарӣ, ба сафи ҳизб шомил кардани шахсони  арзанда ва ҳодисаи  нангину даҳшатбори аъзои ТЭТ ҲНИ дар куштори  сайёҳони хориҷиро   муҳокима намуд.

Курси  бозомузӣ  ба  раисони  ташкилотҳои  ибтидоӣ,  кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Темурмалик,  вакилони  Маҷлиси  вакилони  халқи  ноҳия таассуроти   нек  бахшид.

  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg