БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳеҷ амали террористӣ садди роҳи пешрафти Тоҷикистон шуда наметавонад!

ПАНҶ. Чорабинии навбатӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маҳаллаи Наврӯзи ҷамоати шаҳраки Панҷ бо иштироки аъзои ташкилоти ибтидоии «Наврӯз», фаъолони маҳалла ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия  доир гардид.

Дар оғоз Файзиев Каримҷон оид ба воқеаҳои нангине, ки  санаи 29 июли соли ҷорӣ  дар ноҳияи Данғара бо сайёҳони хориҷӣ рухдода андешаронӣ намуд. Аз ҷумла, қайд шуд, ки ин амали наҷованмардона, яъне хоинона нисбати арзишҳои  миллат  нобахшиданист. Ҳеҷ як хоине ва ё бадхоҳе наметавонад бо як амали тарҳрезигардида нуфузи Тоҷикистони маҳбубро дар арсаи олам коҳиш диҳад. Зеро ба андешаи сайёҳони хориҷӣ Тоҷикистон барояшон кишвари барои сайёҳат амн боқӣ монда, ҳеҷ як ҳамла  монеаи сафарашон ба Тоҷикистон нахоҳад шуд.

Якчанд нафар фаъолони маҳалла амали хоинонаи фурӯхташудагони ифротиро сахт маҳкум намуда, иброз доштанд, ки ба ақидаву  амалҳои террористӣ муборизаи беамон мебаранад.

Баъдан  чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ ва ҳунарӣ дар маҷмӯъ пурмазмун бо намоиши ҳунари чирадастон ва кадбонуҳо оғоз гардида, бо баромади раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Файзиев Каримҷон оғоз гардид. 

Мавсуф зимни суханронӣ  атрофи таҳким бахшидан ба Вахдати миллӣ, дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалӣ намудани Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ  ва  сафарбар кардани сокинони маҳхал  дар ҳалли масъалаҳои созандигию бунёдкорӣ, инчунин ҷалби онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ибрози андеша намуд.

Раиси ташкилоти ибтидоии маҳаллаи «Наврӯз» Ярова Тозагул баромад намуда, қайд кард, ки сокинони маҳалла тасмим гирифтанд, ки дар партави  Аксияи тарғиботӣ- амалии ҳизбӣ таҳти унвони  «Якҷоя ҳал мекунем!» тӯи суннатии 3 нафар дӯстрӯякони маҳалларо баргузор менамоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg