НОРАК. Вобаста ба ҳамлаи ноҷавонмардонаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша санаи 29 июли соли 2018, ки дар ҳудуди ноҳияи Данғара бо ҳамдастии ТЭТ ҲНИ анҷом дода шуд, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нурофарон” бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Савзалӣ Зоиров ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Ғафурзода Фрдавс хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Дар охир аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Нурофарон» ин амали разилона ва ғайриинсонии зархаридони ТЭТ ҲНИ, ҳамлаҳои ноҷавонмардона ба сайёҳони Хориҷиро қатъиян маҳкум намуданд.