БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Амали ҷавонони авбошро сокинон маҳкум карданд!

МУЪМИНОБОД. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон  бо кормандони Кумитаи замини ноҳияи  Муъминобод хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар хониши сиёсӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, тарғиби либоси миллӣ, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ баррасӣ карда шуданд. 

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳайдаров Рамазон дар бораи ходисаи мудҳише, ки дар ноҳияи Дангараи вилояти Хатлон ба вуқӯъ омада буд, изҳори нигаронӣ карда, амали ноҷавонмардонаи авбошонро қатъиян маҳкум намуд.

Дар хониши сиёсӣ муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кумитаи замин»-и ноҳия низ баромад намуда,  оид ба пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди амалҳои коррупсионӣ андешаронӣ намуда,  аз кормандони ташкилоти номбурда баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва дар байни мардум бурдани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ даъват ба амал овард.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg