БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон бояд зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳанд ва нагузоранд то нохалафе барои Ватану миллат сухани ноҷо гӯяд!

ЛЕВАКАНТ. Дар деҳаи Устотоймаси ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант  тибқи ҷадвали баргузории мулоқотҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант  Ватанзода Саидҷафар, вакил аз ҳавзаи интихоботии №34 Сармисоқова Хайринисо ва инчунин, бо иштироки васеъи сокинони деҳа баргузор гардид.

Чорабиниро  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Саидҷафар ифтитоҳ намуда, мардуми шарафманди деҳаро бо мақсади фаҳмонидани моҳияти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳанарҳои мардумӣ ва фоҷеаи нангине, ки санаи 29 июли соли ҷорӣ дар  шоҳроҳи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон боиси марги сайёҳони хориҷӣ гардидааст, сахт маҳкум карда,  ҷавонони деҳаро таъкид намуданд, ки зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳанд ва нагузоранд то нохалафе барои Ватану миллат сухани ноҷо гӯяд.

Дар қисми дуюми чорабинӣ дар ташкилоти ибтидоии «Устотоймас» намоиши ҳунарҳои мардумӣ,  таъомҳои миллӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ба намоиш гузошта шуда буд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант фаъолонеро, ки барои дар амал татбиқ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб саҳми арзанда гузоштанд, бо Сипосномаҳо сарфароз гардонид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg