БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мустаҳкам намудани ваҳдату ягонагӣ ва мубориза алайҳи наҳзатиёни хоин дар меҳвари вохӯрӣ

КУШОНИЁН. Хоинону душманони воқеии имрӯзаи Ватани азизамон дастандаркорону ҳаммаслакони ТЭТ ҲНИ ва ба ном ДИИШ- ро намебахшему ҳаётан маҳкум мекунем!

Амали аҳриманиву таҳқирсозии Ватану миллати тоҷикро аз ҷониби гурӯҳи ҷиноятпеш яъне ваҳшиёна ба қатл расонидани сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара мо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён бетараф намегузорад!

Зимни вохӯрӣ кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Кушониён бо саҳмдорони хоҷагии  ба номи А.Валиеви ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кушониён ин амали разилонаро барраси намуданд.

Ҷамъомадагон  суханрониҳои судманди масъулинро  якҷоя  дастгирӣ карда, ҳамлаи ноҷавонмардонаву хоинонаи  гурӯҳи муташаккили  ҷинояткорро  қотеъона маҳкум карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg