БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

2018 - Соли идомаи тадбирҳо барои рушди устувори кишвар!

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кооператор” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбат анҷом дода шуд.

Суҳбат бо иштирок ва суханронии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Валиева Саъбагул ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кооператор” Иброҳимова Гулсумбӣ оғоз гардид.

Нахуст, Валиева Саъбагул гуфт, ки Президенти мамлакат барои пешбурди сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари қабули барномаҳои давлатӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқ, инчунин се самти асосию стратегиро пеш гирифт, ки бо татбиқи онҳо комёбиҳои неку назаррас насиби мардуми кишвар шуд. Таҳияи қонуну барномаҳои наву мукаммали давлатӣ, гузаронидани ислоҳоти муваффақ дар аксар соҳаҳо, дастгирии соҳибкорӣ, вусъати корҳои созандагӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз омилҳои пешрафт ва тараққиёти кишвар мебошад.

Мафсуф дар идомаи суҳбат таъкид намуд, ки имрӯз воқеияти зиндагӣ беш аз пеш талқин месозад, ки ҳар фарди бонангу номус, ватанхоҳу ватандӯст ва ҳимматбаланду саховатпеша бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю талоши созандаи хешро ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон сарф намояд ва сарзамини биҳиштосоямонро боз ҳам маҳбубу машҳур гардонад.

Бояд гуфт, ки корхонаи кооперативии истеҳсолӣ зери роҳбарии ин ташкилоти ҳизбӣ Иброҳимова Гулсумбӣ беш аз 20 нафар занону духтарони хонаншин, ки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ мебошанд, ба дӯхтани сару либоси мактабӣ ҷалб карда шудаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg