БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Курси бозомӯзии мазкур дар самти татбиқи босифати ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар сатҳи маҳал нақши муассир хоҳад гузошт!

ДАНҒАРА. Курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ, ташкилотҳои ибтидоӣ ва кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғараи дар мавзӯъи «Оид ба тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар минтақаҳо ва баланд бардоштани дониши сиёсии раисони ташкилотҳои ибтидоӣ» доир гардида, ҳамзамон дар ҳошияи чорабинӣ аз даври ноҳиявии  озмунҳои “Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ”, “Армуғони хатлонӣ”, “Тарроҳи Хатлон”, бахшида ба Соли тақвияти робита бо маҳал” натиҷагирӣ карда шуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмаҳмад чорабиниро ифтитоҳи расмӣ бахшида,  зимнан қайд намуд, ки курси бозомӯзии мазкур бо иштироки Роҳбарияти Дастгоҳи КИМ ва вилоятии ҲХДТ сурат мегирад.

Аз ҷумла сил-силаи андешарониҳо аз  ҷониби муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода  дар мавзӯъи "Нақши ҲХДТ дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ"  мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Инчунин дар идома доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Соли  тақвияти робита бо маҳал  раиси Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ андешаронӣ намуд.

Дар идомаи  маҷлис  дигар шахсони даъватӣ  оид ба тарзу услуби замонавии таблиғу ташвиқ бо истифода аз технологияҳои муосири электронӣ ва истифодаи самарабахши ВАО дар маъракаҳои сиёсӣ,  татбиқи қарорҳои Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ (аз 16.02.2018) ва амалигардонии ҳадафҳои Оинномавӣ ва Барномавии ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоӣ андешаронӣ намуданд.

Дар ҷараёни курси бозомӯзӣ шунавандагон бо аҳли раёсат саволу ҷавоб намуда,  ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Метавон бо боварии комил гуфт, ки курси бозомӯзии мазкур дар самти татбиқи босифати ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар сатҳи маҳал нақши муассир хоҳад гузошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg