БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Занону модарон мегӯянд, ки ҳеҷ амали зишт беподош намемонад!

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар деҳаи Намунаи ҷамоати деҳоти Навободи ноҳия дар бораи нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат, ҷалби духтарон ба таҳсилу касбомӯзӣ, пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон чорабинии фарҳангӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

Дар рафти вохӯрӣ мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдураҳимова Фирӯза ба иштирокчиён фаҳмонид, ки аз   ҷониби Раиси муаззами ҲХДТ таваҷҷуҳ ба иштироки занон дар ҳаёти сиёсии имрӯзаи кишвар, иштироки онҳо дар идоракунии давлат, ишғоли онҳо дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани мақом ва манзалати занон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои махсуси соҳавӣ қабул ва амалӣ гардида истодаанд.        

Бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ   барои занону духтарон шароит фароҳам оварда шуда, занону духтарон метавонанд бо омӯзиш ва рушд додани касбу ҳунар шароити иқтисодии худ ва атрофиёнашонро бо ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ беҳбудӣ бахшанд.

Инчунин, ба иштирокчиён расонида шуд, ки барои тарбияи насли наварас дар руҳияи ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои миллӣ, эҳтироми калонсолон, давом додани таҳсили духтарон дар муассисаҳои олии кишвар мусоидат намуда, дар омӯзиши касбу ҳунарҳо барои фарзандони худ шароит фароҳам оваранд.

Дар рафти вохӯрӣ қайд карда шуд, ки  дар ҷомеаи имрӯза гурӯҳҳое амал менамоянд, ки бо ваъдаҳои дурӯғ барои ба даст овардани даромади муфт ҷавононро ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ҷалб намудаанд, ки  ин боиси даст ба амалҳои ношоиста задани бархе аз ҷавонон гардида истодааст.

Инчунин, масъулин атрофи ҳодисаи нангине, ки санаи 29 июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара ба вуқӯъ пайваст, яъне  ҷавононе, ки ба гурӯҳи сайёҳони хориҷӣ ҳамла намуда, боиси марги 4 нафари онҳо гардиданд,  сухан намуда, зикр карданд, ки ин амали гурӯҳи террористоне мебошанд, ки фирефтаи хоҷагони зархарид гардида, мехоҳанд, бо ғаразу ниятҳои хоинонаашон Тоҷикистони ободу хуррамро ҳамчун макони осебпазир ба ҷаҳониён нишон диҳанд. Ин ҷавонони гумроҳ  фикр накарданд, ки натанҳо осоиштагии аҳолии минтақаро, балки  ҳаёти худ ва наздикони худро зери хатар гузошта,  умри ҷавони худро барбод додаанд. Чунки ҳеҷ амале бе подош нахоҳад монд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg