БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сатҳи огоҳии мардум аз хатарҳои терроризму экстремизм боло бардошта шуд!

Ҷ.БАЛХӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар маҳаллаи Орзуи ҷамоати шаҳраки Гулистон бо сокинони маҳалла оид ба фаҳмонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.

Масъулин зимнан дар назди ҷамъомадагон оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатарҳои терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ, огоҳонидани онҳо аз паёмадҳои хатаровари гурӯҳҳои иртиҷоии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъолгардонии аҳолӣ дар роҳи мубориза бо онҳо, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа, пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона бо мақсади ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ, ба мардум фаҳмонидани моҳияти қонунҳои миллӣ ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа, фаъол гардонидани шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ, ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ дар заминаи эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон бо шуғл, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни сокинон бо мақсади тарбияи ахлоқию маънавии ҷомеа, ки ин ҳама аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошанд, андешаронӣ намуданд.

Инчунин, дар рафти чорабинӣ намоиши ҳунарҳои дастӣ, ҳунарҳои кадбонугӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии аҳли заҳмати деҳа ба маърази тамошо гузота шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg