БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Зиракии сиёсиро аз даст набояд дод!

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Данғара дар деҳаи Дӯстии ҷамоати деҳоти Лолазор хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  Каримов Пирмаҳмад дар ташкилоти  ибтидоии ҳизбии деҳаи “Дӯстӣ” доир карда шуд.

Дар чорабинии мазкур доир ба мавзӯъҳои моҳияти Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, созандагиву ободкорӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ ва ҷинояту ҷинояткорӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, риояи қонунҳои миллӣ, касбу ҳунаромӯзии ҷавонону наврасон суханронӣ намуд.

Зимнан иброз дошт, ки дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи сиёсии сайёра, талабот нисбат ба рушди шуур ва маданияти сиёсии шаҳрвандон, алалхусус қишри ниҳоят фаъоли ҷомеа ҷавонон ба миён омадааст, то ки фирефтаи гурӯҳҳои манфиатҷӯ нашуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Зеро вақтҳои охир гурӯҳҳои манфиатхоҳ ба шуури ҷавонон таъсир расонида, фирефтаи амалҳои ҷиноии худ мегардонанд ва оқибат онҳоро ба ояндаи торик раҳнамоӣ мекунанд, ки чунин равиш ба ояндаи давлату миллат хатари ниҳоят ҷиддиеро пеш меорад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg