БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нест бод наҳзатиҳои қотилу разил ва ифротӣ!

ҲАМАДОНӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Гадоӣ Сайдалиев ва Шарифзода Сафаралӣ дар асоси ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқотҳо дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар нимаи дуюми соли 2018 бо аъзои ташкидоти ибтидоии ҳизбии «Тоҷиксодиротбонк»-и ноҳия вохӯрӣ гузарониданд.

Зимни вохӯрӣ Гадоӣ Сайдалиев вобаста ба мавзӯъи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму эктремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистию террористӣ андешаронӣ карда, зикр намуд, ки душманони миллату давлати мо дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо мақсади доғдор сохтани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сайёҳони хориҷиро ба қатл расонидаву чандеи дигари онҳоро захми намудаанд.

Иштирокдорон қайд доштанд, ки мо сокинони кишвар ин амали сиёҳкоронаи онҳоро сахт маҳкум мекунем ва намегузорем, ки дигар амали зишту хоинонаи ҳизбу гурӯҳҳои  террористиву экстремистӣ бо ҳадафҳои  нопоку ғайриинсонаашон такрор шавад. Ба саркардагони ҲНИ лаънат хонда қайд доштанд, ки фазои ороми Тоҷикистони амонати имонии мост!

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg