БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизбиёни Фархор дар якҷоягӣ бо сокинони маҳал амали терористии бар зидди сайёҳони хориҷӣ анҷомшударо қотеъона маҳкум мекунанд

ФАРХОР. Дар асоси ҷадвали тасдиқгардида масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ваҳдат», ки сокинони деҳаи Сайёраи Ҷамоати деҳоти 20-солагии Итсиқлолияти Тоҷикистони ноҳияро мутаҳид месозад, хониши сиёсӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир карда шуд.

Дар ин чорабинӣ дар назди ҳозирин муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия - Шаҳбози Искандар баромад намуда, саравал оиди маҳкум намудани амали терористие, ки санаи 29.07.2018 дар ноҳияи Данғара аз ҷониби гурӯҳи муташакилӣ ҷиноӣ бар зидди 7 – нафар сайёҳони хориҷӣ анҷом дода шуд, ки боиси марги 4-нафари онҳо ва захми шудани ду нафари дигар гардида буд муфассал суханронӣ намуд. Ҳамчунин, оиди хатару таҳдидҳои тероризму экстримизм, назорати ҷиддии фарзандон ҷиҳати пешгирии гаравидани сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористию ифротӣ ибрози ақида намуда, ҳамзамон аз иштирокдорон хоҳиш намуд, ки ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳанд ва ҳангоми мушоҳидаи шахсони номаълум ва ҷинояткор зуд ба мақомотҳои дахлдор хабар диҳанд.

Ҳамчунин, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳмонов Далер дар назди ҳозирин баромад намуда, оиди нуқтаҳои асосии Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ибрози ақида намуд.

Баъди анҷоми хониши сиёсӣ масъулин аз намоиши ҳунарҳои миллӣ, ки ҳунармандони деҳаи Сайёра омода намуда буданд, дидан карданд ва ба ҳунару истеъдоди онҳо баҳои баланд дода шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg