БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бо ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ бар зидди гурӯҳҳои террористӣ мубориза мебарем!

МУЪМИНОБОД. Дар кӯчаи ба номи А.Раҳимзодаи ҷамоати шаҳраки Муъминобод тибқи ҷадвали баргузории мулоқотҳо бахшида ба  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  бо сокинони маҳал мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Гулсунбӣ Раҷабова ва дигар шахсони даъватӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст Гулсунбӣ Раҷабова дар назди ҷамъомадагон оид ҳодисаи нангине, ки санаи 29 июли соли ҷорӣ ба куштори сайёҳонӣ хориҷӣ дар ноҳияи Данғара рух дод, андешаронӣ намуда,  аз занону модарон ҷиҳати  аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар таълиму тарбияи фарзандон, алалхусус ҷавонон  даъват ба амал овард. Инчунин, мавсуф  дар идомаи суҳбат  доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарғиби либоси миллӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди терроризм, пешгирии гаравиш ба  ҳизбу ҳаракатҳои  дар кишвар мамнуъи ТЭТ ҲНИ ва гурӯҳи 24, расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар чорабинӣ бахшида ба Соли  рушди сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ дар кӯчаи мазкур намоиши ҳунарҳои дастии сокинони кӯча, аз кабили чакандӯзӣ, заргарӣ, табақтарошӣ ташкил карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg