БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Огоҳонидани мардум аз хатарҳои гуруҳҳои экстремиcтию террориcтӣ вазифаи мо ҳизбиён аст!

ЛЕВАКАНТ. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои шаҳри Левакант дар нимаи дуюми соли 2018, гурӯҳи таблиғотии ҳизбӣ бо кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизби ҶДММ «Субҳи Сарбанд»-и шаҳр хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Муовини раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Фароғат Назарова зимни баромади хеш оид ба воқеаи рӯзҳои охир, ки аз тарафи гурӯҳи хиёнаткор боиси марги чор нафар ва захмӣ шудани се нафар сайёҳони хориҷӣ гардида буд, мавриди муҳокима қарор дода,  онро қотеъона  маҳкум  намуд.   

Зимни суҳбат мавсуф оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он, нисбати сиёсати ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ карда, инчунин Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро ба дарки ҷомеа расонида, онҳоро барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ки барои ободоии Ватан ва зиндагии босаодати мардум равона гардидааст, ҳидоят намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg