БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Маҳкумсозии ҳодисаи нангин аз ҷониби ҳизбиёни Кӯлоб

КӮЛОБ. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар шаҳри  Кӯлоб Валиева Саъбагул ва раиси ташкилоти ибтидоӣ Қурбонова Робиямо дар ташкилоти ибтидои Чорбоғ бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Нахуст, Валиева Саъбагул оид ба самтҳои афзалятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ карда, ҳамзамон вобаста ба саҳм доштан дар амалӣ гардидани дастуру супоршҳои Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба корҳои созандагию ободкорӣ ибрози адеша намуд.

Дар ин миён ба соҳибкори ҷавон Нозимов Ғайратшоҳ барои икдоми хайрхоҳона  ва ҷавонмардонааш, ки барои аз таъмири пурра баровардани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и ҷамоати деҳоти Кӯлоб изҳори сипос карда, аз тарафи раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри  Кӯлоб  Валиева Саъбагул дар ҳузури иштирокчиён ба у шаҳодатномаи ҳизбӣ ботантана супорида шуд.

Зимнан, иштирокчиён дар бораи ҳодисаи мудҳише, ки чанд рӯз қабл  дар ноҳияи  Данғараи вилояти Хатлон ба вуқӯъ омада буд, изҳори нигаронӣ намуда, ҳодисаи мазкурро амали ноҷавонмардона гуфта, онро қатъиян маҳкум карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg