БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Шаҳрвандон ба ҳамлаи зишту нангини ҷавонони гумроҳ нафрат хонда барои тарбияи дурусти фарзандон масъулиятро ҳис карданд!

ШАҲРИТУЗ.  Дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати шаҳраки “Шаҳритуз”-и    ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки  мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоева Шоира  бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  оид ба муҳокимаи  ҳодисаи нангини  анҷомдодаи гурӯҳи муташаккили  ҷиноятпеша дар ноҳияи  Данғара хониши сиёсӣ  доир гардид.

Зимнан Абдуллоева Шоира дар назди  ҷамъомадагон оид ба ҳамлаи  ваҳшиёнаи  гурӯҳи  муташаккили ҷинояткор, ки бо сарпарастии  ТЭТ ҲНИ-и хунхор 4 нафар сайёҳони хориҷӣ кушта шуда, 3 нафари   дигар бо ҷароҳатҳои вазнини  ҷисмонӣ дар беморхона бистарианд,  андешаронӣ намуда, ба амалҳои зишту хоинонаи  ҷавонони гумроҳ  нафрат хонда, дар якҷоягӣ бо иштирокдорон амали ноҷавонмардонаи онҳоро  маҳкум карданд.

Инчунин, дар идомаи  суҳбат  мавсуф  ҷиҳати амалигардонии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,   роҳандозӣ намудани  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” андешарони намуд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg