ДӮСТӢ. Дар ташкилоти ибтидоии «Файзи замин» маҷлиси ҳизбӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ баргузор гардид.
Дар рафти маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии номбурда Қурбонов Чилла вобаста ба рӯйдодҳои нангини ба вуқуъомада, ки қатли сайёҳони хориҷӣ аз ҷониби ноҷавонмардон ҷиҳати ҳушдор намудани сокинони ноҳия аз хатарҳои ташкилотҳои террористию экстримистӣ андешаронӣ намуд.
Дар идомаи суҳбат намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб атрофи ҳодисаи даҳшатбори гурӯҳи муташаккили ҷинояткор, ки боиси марги 4 нафар сайёҳони хориҷӣ ва ҷароҳатҳои гуногунӣ ҷисмонӣ бардоштани 3 нафари дигар гардида, таъкид бар он доштанд, ки аз ин хатарҳо кулли сокинон бояд огоҳ бошанду, ба кирдору рафторҳои фарзандони худ ащамият дода онҳоро бе назорат нагузоранд.
Иштирокдорон қайд доштанд, ки воеқеаи куштори сайёҳон моро водор месозад, ки ҳар чи бештар ҷавононро ҳушдор сохта, аз чунин хатарҳои нангин сокинонро эмин нигоҳ дорем ва корҳои фаҳмонидадиҳиро дар байни аҳолӣ боз ҳам ҷоннок намуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.