БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизбиёни Данғара амали зишти гурӯҳи муташаккили ҷинояткорро сахт маҳкум карданд!

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Данғара дар деҳаи Меҳтари ҷамоати деҳоти Оқсу оид ба  муҳокимаи ҳамлаи ноҷавонмардонаи  гурӯҳи ҷинояткори ТЭТ ҲНИ  ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Хониши сиёсӣ дар ташкилоти  ибтидоии ҳизбии “Меҳтар” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  Каримов Пирмаҳмад доир карда шуд.

Каримов Пирмаҳмад  атрофи  амали хоинонаи  гурӯҳи муташаккили  ҷиноятпеша, ки ин гурӯҳро ҷавонони гумроҳ ташкил медод ва ба куштани сайёҳони  хориҷӣ даст задаанд, муҳокимаронӣ намуд.

Инчунин, дар ин раванд  мавусуф доир ба  мавзӯъҳои моҳияти Истиқлолияти давлатӣ, рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ,  саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву ободкорӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ ва ҷинояту ҷинояткорӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, риояи қонунҳои миллӣ, омӯзиши  касбу ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуда,  қайд кард, ки  мо ҳизбиён амали зишту нангини гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро  сахт маҳкум менамоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg