БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Курси бозомӯзии раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳияи Восеъ

ВОСЕЪ. Дар ноҳияи Восеъ бо иштироки муовини Раиси ҲХДТ Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, раиси ноҳияи Восеъ Ғафурзода Мӯсо Зариф, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ Ҳамидов Илҳомҷон, мудири бахши бақайдгирӣ ва кор бо созмонҳои ҷамъиятии Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло бо  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ, раисони ташкилотҳои ибтидоии деҳаву маҳаллаҳо ва муассисаву ташкилотҳо, инчунин вакилони Маҷлиси вакилони халқии ноҳия курси бозомӯзӣ барои фаъолияти минбаъдаи ташкилотҳои ибтидоӣ дар мавзӯъи Тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар минтақаҳо ва баланд бардоштани дониши сиёсии раисони ташкилотҳои ибтидоӣ” баргузор гардид.

Сараввал Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода дар мавзӯъи нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ суханронӣ намуд.

Сипас, Ҳамидов Илҳомҷон оид ба тарзу услуби замонавии таблиғу ташвиқ бо  истифода аз технологияҳои муосири электронӣ ва истифодаи самарабахши ВАО дар маъракаҳои сиёсӣ маълумоти муфассал дод.

Баъдан, Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло доир ба татбиқи қарорҳои Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказӣ (аз 16.02.2018) ва амалигардонии ҳадафҳои Оинномавӣ ва Барномавии ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоӣ ибрози ақида намуд.

Зимнан Раҳмонзода Абдулло доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон андешаронӣ намуда ҳодисаи ҳамла ба сайёҳони хориҷиро, ки дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб минтақаи Данғара рух дод, сахт маҳкум намуд.

Иштирокчиёни курси бозомӯзӣ барои  ташкили  курс миннатдории худро ба масъулин баён намуда, қайд карданд, ки курси бозомӯзӣ барои баланд бардоштани дониши сиёсии онҳо хеле манфиатбахш мебошад ва дар фаъолияти ояндаи онҳо мусоидат  хоҳад кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg