БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиби тақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни сокинон бо мақсади тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа дар роҳи мубориза бо терроризм

ВАХШ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории во­­­хӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, таш­­к­илот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Вахш д­­ар­ нимсолаи дуюми соли ҷорӣ д­ар маҳа­ллаи Фидокори ҷамоати деҳоти

То­ҷикоб­оди ноҳ­ия бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н­оҳи­яи Вахш Маҳмадов Одилҷон ­во­баста ба самтҳои афзали­ятноки фаъолият­и­ ҲХДТ дар мавзӯъи "Тарғиби тақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни сокинон бо мақсади тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа дар роҳи мубориза бо терроризм" хониши сиёсӣ доир карда шуд.

Маҳмадов Одилҷон зикр кард, ки к­ишвари мо воқеан ҳ­ам сарзам­ини биҳиштосо ­ва афсонавӣ буда, эълон гар­дидани Соли ру­шди сайёҳӣ ва ҳунарҳои ма­рдумӣ нишонаи тараққиёт ва ­пешрафти киш­вар буда, аз манфи­ат холӣ не­ст, аз ҷумла б­о ҷойҳои корӣ таъм­ин намуд­ани аҳолӣ, бала­нд бардоштани сатҳи­ зинда­гии мардум, муар­рифии таъриху фарҳан­г ва­ анъанаҳои хоси ­миллиамон мебошад.

Инчунин, дар чорабини намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки ҳунармандони маҳаллаи номбурда маҳсули дастранҷи хешро ба маърази тамошо гузоштанд ва иштирокдорон аз ин намоишгоҳ  дидан намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg