БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардуми заҳматдидаи тоҷик гуноҳи ваҳшиёни хунхори ТЭТ ҲНИ-ро намебахшад!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Матлубот»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ соати сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб баргузор гардид.

Дар он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Алиев Зафар иштирок намуда, оид ба ҳадафҳои Барномавӣ ва Оинномавии ҲҲДТ, эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия, саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ баҳри пешрафту шукуфоии Ватан, тарбияи дурусти фарзандон, ва ҳодисаи нангини террор­истие, ки санаи 29 июли соли равон дар ноҳ­ияи Данғараи вилояти Хатлон аз ҷониби аъзои ТЭТ ҲНИ­ ва ДИИШ содир гардид, ки боиси марг ва захмӣ шудани чанд нафар сайёҳони хориҷӣ гардид,­ ба таври муфассал муҳокима намуд.

Дар охир  иштирокдорон  суханрониҳои Алиев Зафарро  дастгирӣ намуда, ба амали ваҳшиёнаи гурӯҳи  муташаккил ва ТЭТ ҲНИ, ки барои маблағи  ночизи хоҷагони хориҷиашон  Ватан, давлат ва миллатро фурӯхтаанду ба сари мардуми заҳматдидаи тоҷик бо ҳар роҳу восита бори  гарони нангинро меоранд, нафрат  хонда, амалҳои хоинонаи онҳоро бо ҳамвозии  баланд маҳкум карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg