БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиҳои лаънатӣ ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд!

ШАҲРИТУЗ. Ҷиҳати иҷрои ҷадвали баргузории вохӯриҳо дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар деҳаи Чинори ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматови ноҳия  вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Носирзода Абдукарим Носирзода бо сокинони маҳал баргузор гардид.

Дар ҷамъомад Абдукарим Носирзода дар назди иштирокдорон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти  робита бо маҳал, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ин замина аз ҳодисаи  ваҳшонияти  куштори  сайёҳони  хориҷӣ, ки аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷинояткор дар ноҳияи Данғара бо сарпарастии ТЭТ ҲНИ ба вуқӯъ пайваст, суханронӣ карда, мардумро бори дигар ҳушдор дод, ки  дар таълиму тарбияи фарзандон беназорат набошанд, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз надиҳанд ва нагузоранд, ки  ҳар нохалафе  фазои тинҷу ороми кишварро  бо нияти нопоку амалҳои хоинонаашон ноором созад ва ба номи давлату миллати тоҷик иснод биёрад.  

Дар охир  сокинони маҳал аз  воқеаи сангини  гурӯҳҳои  муташааккил ба хубӣ огоҳӣ ёфта,  бо ҳамовозии баланд ба кирдорҳои авбошонаву ватанфурӯшонаи онҳо нафрат хонда, амалҳои террористиву экстремистиашонро маҳкум  намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg